Ссылки доступа

Вазъи фавқулодаро дар Қарақалпоқистон сабуктар карданд


Вазъи фавқулода, ки бо фармони президенти Узбекистон дар ҳудуди Қарақалоқистон ҷорӣ шуда буд, сабуктар гардонида шуд.

Ба ин тартиб, қуюди шабгардӣ, ки аз соати 21:00 то 07:00 субҳ таъйин шуда буд, ҳоло аз 23:00 то 05:00 ҷорӣ шудааст.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад.

Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG