Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон масъулони ҳукуматашро барои гаронии бозор танқид кард


Чораандешии ҳукумат барои ба эътидол овардани қимати маҳсулот таъсире надорад, гуфт Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 14 июл дар як ҷаласа бо ҳузури аъзои ҳукуматаш.

Вай зердастонашро бо он айбдор кард, ки талош доранд, аз беқурбшавии асъор "бо роҳҳои куҳна" пешгирӣ кунанд.

"Ҳукумат аз буҷа маблағи иловагӣ ҷудо мекунад ва талош дорад, ки қимати маҳсулотро ба таври сунъӣ ба танзим дарорад. Ба ибораи дигар, мубориза на зидди сабабҳои болоравии қимати маҳсулот, балки бо натиҷаҳои болоравӣ идома дорад. Амалан бояд баръакс бошад. Ҳукумат ҳамаи масъулиятро ба дӯши минтақаҳо бор кардааст. Онҳо бо истифода аз мақому мансаб вориди мағозаҳо мешаванд. Роҳҳои дигар ва ғояҳои дигаре нест. Чунин фаъолият ҳеч гоҳе натиҷаовар набуд", - гуфт Тоқаев.

Болоравии қимати маҳсулот, ба гуфтаи Тоқаев, ба 19,2 дарсад расидааст.

Дар бархе аз шаҳрҳои Қазоқистон дар ҳафтаҳои охир камбуди шакар мушоҳида мешавад ва сокинон пушти дари мағозаҳо навбатпоӣ мекунанд. Дар баробари камбуд қимати шакар низ боло рафтааст. Камбуди шакар дар Қазоқистон баъди он сар зад, ки Русия содироти шакарро манъ кард.

XS
SM
MD
LG