Ссылки доступа

Коронавирус ба Қазоқистон баргашт: дар як рӯз 104 ҳолати гирифторӣ сабт шуд


Пизишкони қазоқистонӣ афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро мушоҳида мекунанд. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 104 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст.

Пизишкион мегӯянд, 14 гирифтор дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст.

Бештари гирифторон дар шаҳри Алмато сабт шудаанд.

Дар Қазоқистон пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дубора ҳатмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG