Сенати Узбекистон ҳанӯз 5 июл намуна ва ороиши тангаҳоро тасдиқ кардааст, аммо матни тасдиқнома танҳо 14 июл расонаӣ шуд.
Намунаи тангаҳо ҳанӯз нашр нашудааст. Дар оғози соли ҷорӣ мақомоти Бонки марказии Узбекистон гуфта буданд, ки пулҳои коғазии 1000-сӯмӣ дигар нашр намекунанд ва ҷои онро тангаҳои 1000-сӯмӣ мегирад.
Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон хабар дода буд, ки пулҳои нави 200-ҳазорсӯмиро рӯзи 15 июл ба муомилат мебарорад.
Сенати Узбекистон намуна ва ороиши тангаҳои нави 1000-сӯмиро тасдиқ кард. Бонки марказии Узбекистон нақша дорад, то поёни соли ҷорӣ ин тангаҳоро ба муомилот барорад.