Ссылки доступа

Дар шарқи Қазоқистон гази табииро дигар ба Чин намефурӯшанд


Содироти газ ба Чин аз чоҳи Сарибулаки вилояти Қазоқистони Шарқӣ қатъ шудааст. Дар ин бора ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон Даниал Аҳмадов рӯзи 14 июл хабар дод.

Дар 9 соли истихроҷи газ қариб ҳамаи ҳаҷми истихроҷ ба Чин содирот шудааст. Чоҳи газ, ки дар ибтидо захираи он 5 млрд метри мукааб баҳо дода мешуд, ҳоло амалан холӣ шудааст.

"Шартнома соли 1995 имзо шуда буд. Ҳоло дар чоҳ 328 миллион метри мукааб газ боқӣ мондааст. Ин ҳаҷми газ барои аҳолии минтақа 11 сол кифоят мекунад", - гуфт Аҳмадов.

Моҳи майи соли 2022 сокинони ноҳияи Зайсани вилояти Қазоқистони Шарқӣ зидди ба Чин интиқол додани гази табиӣ баромада буданд. Онҳо талаб карданд, ки интиқоли газ ба Чин қатъ шавад.

XS
SM
MD
LG