Ссылки доступа

Боздошти як соҳибнуфузи ҷиноӣ дар Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 15 июл хабар дод, ки узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ Чингиз Жумагулов, маъруф бо лақаби Доо Чингиз боздошт шудааст.

Доо Чингиз дар "тамаъҷӯӣ аз соҳибкорон" гумонбар мешавад.

Мақомоти қудратии Қирғизистон аз сокинон хостаанд, ки агар нисбати Доо Чингиз даъвое доранд, ба КДАМ муроҷиат кунанд.

Шоми 8 июл дар канораи шаҳри Бишкеки Қирғизистон тирпарронӣ рух дод. Ба иттилои расонаҳо, дар он тирпарронӣ Доо Чингиз низ ширкат кардааст.

Чингиз Жумагулов соли 2016 бо айби иштирок дар куштор, муқобилат нишон додан ба намояндагони давлат ва дигар айбҳо боздошт шуда буд. Ӯро соли пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо карданд.

Моҳи июни соли 2020 додгоҳ Жумагуловро бо моддаи "Авбошӣ" 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай моҳи июли соли 2021 аз зиндон озод шуд.

XS
SM
MD
LG