Ин комиссия ба раҳбарии ваколатдори ҳуқуқи инсон Фирӯза Эшматова аз сӯи порлумони Узбекистон таъсис ёфта, рӯзҳои 15 ва 16 июл кори худро дар Қароқалпоқистон оғоз кард.
Сокинони Қароқалпоқистон бо телефони боварӣ метавонанд дар бораи ҳодисаҳое, ки ба гуфтаи мақомоти узбек, ҳудуди 20 кушта ва 250 захмӣ бар ҷой гузоштаанд, иттилоъ диҳанд.
Додситонии кулли Узбекистон 8 июл хабар дод, ки 14 сокини Қароқалпоқистонро бо банди "Қасди ғасби қудрат ё сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвар" дастгир кардааст.