Ссылки доступа

Роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон лоиҳаи афзалиятноки Авруосиё шудааст


Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба феҳристи лоиҳаҳои афзалиятноки зербиноии ҳамгироӣ дар соҳаи нақлиёти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИА) шомил шудааст.

Ин тасмим дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё, ки дар Белорус баргузор гашт, қабул шудааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пештар гуфта буд, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ ва давоми 3-4 соли оянда ба поён мерасад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон низ гуфта буд, ки "дар ояндаҳои наздик" сохтмони роҳи оҳани мазкур шуруъ мешавад.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз ибтидои солиҳои 2000 эълом шуда буд, аммо аз он замон то кунун амалӣ нагардидааст.

XS
SM
MD
LG