Ссылки доступа

Толибон гуфтанд, ҳамлаваронро ба Тоҷикистон дастгир кардаанд


Ҳукумати Толибон иддао дорад, чанд нафареро, ки аз хоки Афғонистон ба тарафи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамлаи мушакӣ кардаанд, боздошт намуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, рӯзи 16-уми июл дар Твиттер онҳоро "хавориҷ" номид. Дар эъломия омадааст, амалиёт шаби 15-уми июл ва дар ноҳияи Имом Соҳиби Кундуз сурат гирифт.

"Дар ин амалиёт се тан хавориҷ ҳалок ва панҷ тан зинда дастгир шуданд. Васоит ва васоили тахрибии онҳо тасарруф гардид," – навиштааст ӯ дар Твиттер.

Тасдиқи хабар аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Дар чаҳор моҳи охир се бор аз хоки Афғонистон ба тарафи Тоҷикистону Узбекистон мушак сар додаанд.

Рӯзи 7-уми майи имсол расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷангҷӯён аз он кишвар ба Тоҷикистон ҳафт мушак партофтанд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо гуфтанд, чанд тир тасодуфан расид. Ҳамзамон дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуданд.”

Мақомоти Узбекистон моҳи июни имсол тасдиқ карданд, ки аз хоки Афғонистон ба як минтақаи марзӣ панҷ мушак афтода, ба чаҳор хона дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз осеб расондааст.

Дар моҳи апрели имсол дар баъзе аз сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак сар дод. Он вақт сухангӯйи президенти Узбекистон хабарҳоро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG