Ссылки доступа

Зидди раҳбарияти ширкате, ки писари раиси пешини порлумони Қазоқистон раҳбарӣ мекард, парванда боз шуд


Додситонии кулли Қазоқистон 15 июл хабар додааст, ки зидди роҳбарияти Корхонаи нуриҳои маъдании "Қазфосфат" бо гумони "даромад аз роҳи инҳисорӣ" ба маблағи 697 миллион танга тафтишот оғоз шудааст.

Оҷонси мубориза бар зидди фасодкорӣ дар Қазоқистон пештар раҳбарияти корхонаи мазкурро ба "сӯистифода аз мақоми инҳисорӣ" бо ҳадафи ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ тавассути таъйин ва нигоҳ доштани нархи баланд дар фурӯши "аммофос" айбдор карда буд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев як рӯз пеш дар ҷаласаи васеи ҳукумат гуфт, корхонаи мазкур ҳаҷми зиёди маҳсулотро ба як ширкати фаръӣ фурӯхта, дувумӣ дар навбати худ онро 30 дарсад гаронтар фурӯхтааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, "Қазфосфат"-ро Нурхон Нурланов, писари раиси пешини маҷлиси он кишвар Нурлан Нигматулин раҳбарӣ мекунад. Нурлан Нигматулин, ки онро яке аз шахсони наздик ба президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев меноманд, дар пайи ҳодисаҳои моҳи январи имсол курсии раҳбарии маҷлисро тарк кард.

XS
SM
MD
LG