Ссылки доступа

Додгоҳи ҳакамӣ даъвои "Русгидро" зидди Қирғизистонро қонеъ кард


Додгоҳи ҳакамӣ дар Ҳонгконг даъвои ширкати "РусГидро" зидди Қирғизистонро дар робита ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи Норини болоӣ қисман қонеъ кардааст.

"Қарор шуд, Қирғизистон маблағҳоеро, ки ширкати "РусГидро" дар лоиҳаи сохтмони неругоҳи Норини болоӣ сармоягузорӣ кардааст, баргардонад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Қирғизистон.

Вазорати адлияи Қирғизистон дақиқ нагуфтааст, ки ин кишвар ба ширкати мазкур чи қадар маблағ хоҳад дод.

Соли 2012 ҳукумати Русия бо Қирғизистон дар бораи сохтмони неругоҳҳои Қамбарота-1 ва силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ шартнома баст. Ин неругоҳҳо аз сӯи ширкати "РусГидро" бояд сохта мешуданд.

Аммо баъди қатъи корҳо дар соли 2015 Қирғизистон якҷониба шартномаро бекор кард. Дар робита ба ин ҷониби Русия талаб кард, ки Қирғизистон бояд 37 миллион доллари харҷшударо баргардонад.

Бишкек гуфт, харҷ аз ҳад зиёд нишон дода шудаанд ва бояд додгоҳи ҳакамӣ меъёри воқеии онро муайян кунад.

XS
SM
MD
LG