Ссылки доступа

Узбекистон истихроҷи уранро ду баробар бештар карданист


Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми истихроҷи солонаи уранро то соли 2030 ба 7100 тонна расонанд.

Ин нукта дар фармони раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев “Дар бораи чораҳо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, коркарди давлатии урани “Навоиурон” дар солҳои 2022-2030” омадааст.

Дастур шудааст, ки дар солҳои 2022-2030 суръати афзоиши захираҳои уран аз 4700 то ба 10500 тонна расонида шавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Узбекистон тасмим дорад, дар солҳои 2022-2026 коркарди 8 кони нави уранро ба роҳ монад.

Дар Узбекистон соли гузашта 3500 тонна уран истихроҷ шуда буд ва он дар раддабандии кишварҳои истихроҷкунандаи уран дар ҷаҳон мақоми 7-умро касб кардааст.

Уран дар худи Узбекистон коркард намешавад. Ин кишвар соли 1996 талошҳоеро барои фурӯши уран ба хориҷиҳо карда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми захираи урани Узбекистон 132 ҳазор тонна (ду дарсади захираи ҷаҳонӣ)-ро ташкил дода, аз ин нигоҳ дар ҷаҳон дар мақоми 11-ум аст.

XS
SM
MD
LG