Ссылки доступа

Ҳавои гарм дар ғарби Туркманистон боиси талафи чорво шудааст


Гармии сахти ҳаво дар вилояти Балкан, дар ғарби Туркманистон боиси талафи чорвои сокинон шудааст.

"Се рӯзи ахир бар асари аз ҳад зиёд шудани ҳарорати ҳаво чорвоҳо талаф мешаванд", - изҳор доштааст сокини ноҳияи Сардори вилояти Балкан. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 17 июл ҳарорати ҳаво дар ин ноҳия 44 дараҷа гарм шудааст.

Маҷаллаи "Метеожурнал", ки шароити боду ҳаворо пайгирӣ мекунад, рӯзи 17 июл навиштааст, ҳафтаи равон ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои Туркманистон то ба 45-48 дараҷа гарм мешавад.

Қаблан хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар вилояти Марии Туркманистон низ ҳарорати ҳаво то ба 50 дараҷа гарм гашта, дар натиҷа талафи зиёди чорво ба қайд гирифта шудааст

XS
SM
MD
LG