Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар додааст, ки бар асоси ин фармон, ба 5 донишгоҳ – Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии техникӣ, Академияи аграрӣ, Академияи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии Ӯши он кишвар мақоми махсус дода мешавад.
Донишгоҳҳои мазкур минбаъд ҳақ доранд, ки дар бонкҳои тиҷоратӣ бо саҳми давлатӣ ва берун аз низоми хазинадорӣ барои истифодаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ ҳисобҳо кушоянд, ҳиссаи маблағҳои музди меҳнатро мустақилона муайян кунанд, аз корҳои таълимӣ, машваратӣ, илмӣ ва ғайра даромад гиранд.
Фармон ҳамчунин ин 5 донишгоҳро аз ҳама намуди санҷишҳо, ба истиснои аудити ҳарсолаи мустақили берунӣ ё дохилӣ ба муҳлати 3 сол озод мекунад