Ссылки доступа

"Ба келину домод ва фарзандон вазифа додаанд." 37 ҳолати хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон


Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 37 мавриди фаъолияти хешовандони наздикро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардааст.

Аксари ин парвандаҳо соҳибони мансабҳои хурди давлатиро фаро мегиранд, ки Бунгоҳи зидди фасод мегӯяд, онҳоро бартараф намуд. Коршиносон мегӯянд, хешутаборбозӣ дар зинаҳои болотар низ ҳаст, аммо маъмурони зиддифасод ба ифшояш ҷуръат намекунанд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 18-уми июл гуфт, бештари мавридҳоро дар соҳаи маорифу тандурустӣ ошкор карданд. Ду маврид дар Вазорати фарҳанг ва як маврид дар Кумитаи сохтмону меъморӣ низ сабт шудааст, аммо мақомот аз ҳеч кас ном набурданд.

Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонсӣ, дар шарҳи мавзуъ гуфт: "Соҳаи тандурустӣ, хусусан, дар марказҳои саломатӣ, роҳбари муассиса хешовандони наздики худро ба кор қабул кардааст. Дар соҳаи маориф, директорони мактаб то келину домод ва фарзандони худро ба вазифа таъин кардаанд."

Хонум Муқимӣ дар идома ба суоли хабарнигорон гуфт, мавриди хидмати якҷояи хешовандони наздик дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ошкор нашудааст.

Ба қавли коршиносон, ин дар ҳолест, ки дар як идора ва зери раҳбарии ҳамдигар кор кардани хешовандони наздик қариб дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ ба мушоҳида мерасад ва бояд мақомоти Оҷонси зидди фасод ифшои ин мавридҳоро аз зинаҳои болотар шуруъ кунанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, "агар мехоҳед, як кишвари ҳуқуқбунёд созем, бояд аз хешу табори худамон шуруъ кунем. Вақте гап дар бораи сатҳи болотар меравад, инҷо аллакай маълум аст, ки онҳо бо ҳамдигар як пайвандие доранд. Инаш аз дигараш пуштибонӣ мекунад. Онҳо ҳама худӣ, барои ҳамин ҷазо додан душвортар аст. Ё дилашон намешавад, ё зӯрашон намерасад."

Созмонҳои байнулмилалӣ пайваста Тоҷикистонро барои непотизм ва мухолифон президент Эмомалӣ Раҳмонро ба инҳисори қудрат танқид мекунанд.

Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар гузорише аввали имсол гуфт, "аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, порагирӣ, азхудкунии пули давлат, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад."

Айни замон чанде аз пайвандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мансабҳои калидӣ ва дар мақомоти иҷроияву қонунгузор ва ниҳодҳои дипломатӣ ҳастанд. Масъулони Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон чанд сол пеш гуфта буданд, дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе аст. Духтаронаш Озода Раҳмон – раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва Рухшона Эмомалӣ – сафири Тоҷикистон дар Бритониёст. Домодаш Ашрафҷон Гулов сафири Тоҷикистон дар Туркия ва бародарзодааш Исломиддин Раҳмон раиси ноҳияи Данғара мебошад.

На президент ва на наздиконаш дар мавриди иттиҳомҳои хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои расмӣ ибрози назар накардаанд. Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, соли 2017 гуфта буд, ки "агар касе дар оилаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуд, магар ҳуқуқи дар мансабҳо кор карданро надорад?"

XS
SM
MD
LG