Ссылки доступа

Муҷозоти шаҳрванди Узбекистон дар робита ба ҳодисаҳои январи Қазоқистон


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 19 июл шаҳрванди қазоқтабори Узбекистон Сакен Толибовро бо ҷурми иштирок дар "бетартибиҳои оммавӣ"-и моҳи январ шартан як сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ба огаҳии додгоҳ, Толибов, ки аз моҳи январи имсол дар ҳабс буд, аз толори додгоҳ озод карда шудааст.

"Писари ман аз рӯи кунҷковӣ ба майдони "Ҷумҳурӣ"-и Алмато рафт абуд. Ӯ қасди даст задан ба ҷиноятро надошт. Дар ин бора як навор ҳам мавҷуд аст,” - гуфт Камшат Дербисалиева, модари Сакен Талипов ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Толибови 17-сола тирамоҳи соли гузашта ба назди модари худ ба Қазоқистон рафтааст ва дар яке аз маҷмааҳои зисти Алмато ба ҳайси посбон кор мекард. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ 4 январи имсол дар тазоҳуроти осоишта дар назди қасри "Алмато Арена" иштирок карда, сипас ҳамроҳи анбуҳи одамон ба тарафи шаҳрдорӣ рафтааст. Дар наворҳо омадааст, ӯ чи гуна сипар ва чӯбдасти корманди пулисро ба даст мегирад.

Мақомоти Қазоқистон аввали моҳи равон Толибовро боздошт карданд. Ӯ дар баробари "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ" дар "сӯиқасд ба ҷони корманди ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни вазъи фавқулода" ҳам айбдор мешуд.

XS
SM
MD
LG