Ссылки доступа

Таъсири таҳримҳои зидди Русия ба Тоҷикистон. Роҳи ҳал кадом аст?


Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав

Мақомот дар Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди кишвар бетаъсир намемонад. Кишварҳои ғарбӣ ба далели ҳамлаи беасоси Русия ба Украина алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.

"Дар ҳоли ҳозир шарики муҳими стратегии Тоҷикистон Русия аст ва, албатта, баъди ҷорӣ намудани таҳримҳо ба баъзе аз самтҳо таъсир мерасонанд. Пеш аз ҳама ба арсаи газу нафт. Ғайр аз ин, худи Русия дар мавриди интиқоли гандум маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд. Ин ба кори ширкатҳои ватание, ки бо коркарду истеҳсоли маҳсулоти гандум машғуланд, таъсир кард," – гуфт Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, рӯзи 18-уми июл дар Душанбе.

Ин дар ҳолест, ки дар панҷ моҳи аввали имсол, баръакс, додугирифти миёни Тоҷикистону Русия 50 дарсад афзудааст. Мақомот сабабҳои онро намегӯянд, аммо қисми зиёди ин давра ба замони ҳамлаи Русия ба Украина рост меояд.

Мансабдорон дар ин бора шарҳе намедиҳанд, аммо рад намекунанд, ки Тоҷикистон аз таҳримҳо, мумкин аст, фоида ҳам бинад. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, гуфт, "арзиши маҳсулоте, ки дар он давлатҳо истеҳсол мешавад, поин меравад. Ин як фактор. Таъсири таҳримҳои Русия ба он оварда расонд, ки мо ҳозир фикри тезтар созмон додани корхонаҳои коркарди равғанро дар Тоҷикистон кардем."

Мақомоти тоҷик гуфтанд, барои кам кардани таъсири таҳримҳо ба Тоҷикистон барномае таҳия кардаанд. Ҷузъиёти барнома маълум нест.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, роҳи ҳалро чунин номбар кард: "Ягона роҳ – ҳам диверсификатсияи воридот ва ҳам содирот. Мо боз як бори дигар дида бароем. Бисёре аз маҳсулотро метавонем аз Ҳиндустону Покистон, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия бихарем."

Вазорати молия ё хазонадории Амрико Тоҷикистонро дар рӯйхати кишварҳое қарор додааст, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид шаванд.

Баъзе аз коршиносон дар Душанбе ҳушдор медиҳанд, ки мақомот бояд эҳтиёт бошанд, чун нақзи таҳримҳо метавонад барои Тоҷикистон мушкилиҳои нав эҷод кунад. Пештар Амрико як ширкати узбекистониро барои давр задани таҳримҳо ҷазо дода буд.

XS
SM
MD
LG