Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқро дар назди хонааш латтукӯб карданд


Хабарнигори сомонаи иттилоотии "Назорати роҳ" дар Атирау Олеся Вертинская рӯзи 19 июл дар назди манзили зисташ латтукӯб шудааст.

Вертинская мегӯяд, вақте аз хонааш берун шуд, як ҷавони ношинос ба наздаш омада, нахуст кумак хост ва сипас ба ӯ дарафтод. Дар натиҷа бинии Вертинская шикастааст. Рӯзноманигор ба пулис шикоят бурдааст.

"Ҷолиб ин аст, ки Олеся чанд рӯз пеш аз ҳамла, 16 июл аз рақами номаълум паёми таҳдидомез гирифта буд. Ба ӯ гуфтаанд, бо як ширкат ва соҳибаш "аз эҳтиёт кор бигирад". Хабарнигор худи ҳамон рӯз ба додситонӣ шикоят карда, гуфт, таҳдид шунидааст ва аз ҷони худ дар ҳарос аст", - омадааст дар изҳороти бунёди ҳомии расонаҳо "Одил соз".

Ба иттилои бунёд, пулиси Атирау 13 июл зидди хабарнигор бо банди "Итоат накардан ба амр ё талаби қонунии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё давлатӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, вале баъди шикояти Вертинская ба додситонӣ парванда қатъ шуд.

Пулиси Атирау хабар додааст, ки дар робита ба латтукӯб шудани хабарнигор бо банди "Авбошӣ" парванда боз гаштааст.

XS
SM
MD
LG