Ссылки доступа

Қазоқистон аз ширкати африқоӣ зиреҳпӯши "Арлан" мехарад


Вазири дифои Қазоқистон Руслан Жаксиликов гуфт, барои артиши ин кишвар 168 мошини зиреҳпӯши "Арлан" харидорӣ хоҳанд кард.

Хабаргузории КазТАК бо истинод ба вазири қазоқ иттилоъ додааст, ки ин мошинҳо бар ивази беш аз 82 миллиард танга харидорӣ карда мешаванд.

"Соли равон 10 мошини "Арлан" оварда мешавад ва дар соли 2023 харидории 20 адади дигар пешбинӣ шудааст. Яъне, шумораи умумии мошинҳои "Арлан", ки барои артиши Қазоқистон харидорӣ мешаванд, 168 адад хоҳад буд", - посух додааст Жаксиликов ба суоли вакилони порлумони Қазоқистон.

Артиши Қазоқистон бори нахуст соли 2016 соҳиби зиреҳпӯши "Арлан" шуда буд. Нурсултон бо истеҳсолкунандаи ин техника - ширкати африқоии "Paramount Group" шартнома бастааст. Ба ғайр аз Қазоқистон, артишҳои Озарбойҷон, Алҷазоир ва Урдун низ ин мошинро харидорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG