Ссылки доступа

Қирғизистону Русия пурра бо рубл додугирифт мекунанд


Вазири иқтисод ва савдои Қирғизистон Дониёр Амонкелдиев 20 июл хабар дод, ки Бишкек ва Москва пурра ба ҳисоббаробаркунӣ бо рубл гузаштанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим баъди берун шудани Русия аз низоми байналмилалии бонкии "SWIFT" гирифта шудааст.

"Бале, мо гуфта метавонем, ки пурра гузаштем. Зеро баъди берун шудани Русия аз низоми "SWIFT" анҷом додани муомилот бо асъори дигар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ягона гузина рубли русӣ мебошад", - изҳор доштааст вазири қирғиз.

Вай афзудааст, ки пештар Қирғизистону Русия бо доллари амрикоӣ додугирифт мекарданд.

XS
SM
MD
LG