Ссылки доступа

Вазир гуфт, донишҷӯён "ихтиёрӣ" ба артиш рафтаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Вазир гуфт, донишҷӯён "ихтиёрӣ" ба артиш рафтаанд. Садҳо донишҷӯи тоҷикро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Вазири маориф гуфт, аксари онҳо хатмкунандаҳои бахши ҳуқуқшиносӣ буданд ва довталабона рафтанд. Гуруҳе аз донишҷӯён шикоят доштанд, ки мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо гирифтаанд, то имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба хидмат раванд. (видео)

- Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро баргардонд. 1​1 сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд пас аз пардохти товон ё ҷарима ба Қирғизистон аз он кишвар ба хонаҳои худ баргаштаанд. Пештар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд онҳоро ба гузашти ғайриқонунӣ аз сарҳад гунаҳкор карда буд. (видео)

- Эълони иттиҳоми нав ба зидди Пирмуҳаммадзода ва Ғурбатӣ.​ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба ифротгароӣ ва хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба узвият дар Ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ гумонбар донист. Масъулони ҲНИТ дар хориҷа мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узв ё ҳамкори онҳо набуд. (видео)

- Мақомот навори баҳсиро аз Рӯшон месанҷанд. ​Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, як наворро дар бораи амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ хоҳанд кард. Дар видеое, ки ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, лаҳзаи ба тартиб овардани чанд ҷасад аз тарафи низомиён дида мешавад. Муаллифони навор онро саҳнасозии мақомот гуфтанд. (видео)

- Ифшои 37 мавриди кори хешовандон дар идораҳои давлатӣ. Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 37 мавриди фаъолияти хешовандони наздикро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардааст. Аксари ин парвандаҳо соҳибони мансабҳои хурди давлатиро фаро мегиранд, ки Бунгоҳи зидди фасод мегӯяд, онҳоро бартараф намуд. (видео)

- Сарнавишти талхи занони дувум. "Қонун ҳаст, вале монеъ намешавад". Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёрзанӣ ё полигамияро қонун манъ мекунад ва расман ибораи зани дувум вуҷуд надорад. Бо вуҷуди пешбинӣ шудани ҷазо барои чандҳамсарӣ дар ин кишварҳо, сафи занҳои ба истилоҳ дувуму севум кам намешавад ва мушкили онҳову фарзандонашон низ сол то сол меафзояд. (видео)

- Баҳси суръату сифати Интернет дар Тоҷикистон.​ Баҳонаи муовини раиси Хадамоти алоқа дар бораи суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон баҳси зиёдро бапо кард. Дар ҳоле ки мардум ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқаро ба танзими, ба гуфтаашон, нодурусти Интернет танқид мекунанд, Илҳом Атоев рӯзи 13-уми июл гуноҳро ба дӯши муштариён гузошт. (видео)

- "Нархи бозор рӯз аз рӯз боло меравад. Фақат Худо медонад, ки ист мекунанд". Беқурбшавии пул қазоқистониҳоро ба сарфакорӣ водор кардааст (видео)

- Зиндагӣ дар хонаи намнок ва дар канори қурбоққаҳо. Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархор мегӯянд, чанд сол боз дар даруни об зиндагӣ доранд. Дар ҳавлӣ фақат мӯза мепӯшанд ва хонаҳо пур аз қурбоққа аст. Муроҷиати пайвастаи сокинон ба мақомот бенатиҷа будааст (видео)

- Гармтарин шаҳри Тоҷикистон ҳавзи шиноварӣ надорад.​ Дар рӯдхонаи Вахш ҷасади донишҷӯеро ҷустуҷӯ доранд, ки 20 рӯз пеш ҳангоми оббозӣ дар дарё ғарқ шуд. Дар ин рӯдхона танҳо ҳамин сол даҳҳо нафар ғарқ шудаанд. Сабаб чист? (видео)

- Чаро хабарнигорон ҳадафи мақомот қарор гирифтаанд? ​Баъди тақрибан як моҳи боздошти Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дастгир шудани ду хабарнигори дигар ҷомеаи журналистони тоҷикро такон дод. Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналист ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро мақомот ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надодаанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG