Ссылки доступа

Корпартоии ангиштканон дар Қарағандаи Қазоқистон


Кормандони кони "Оқжол" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 20 июл бо талаби 50 дарсад зиёд кардани маошашон корпартоӣ карданд.

Ба иттилои нашрияи маҳаллии ekaraganda.kz, эътирозгарон гуфтаанд, ангиштканоне, ки дар кон кор мекунанд, моҳонаи муносиб намегиранд ва шароити корияшон низ бад аст.

"Моҳонаи мо кайҳо боз баланд нашудааст. Пештар низ кормандон корпартоӣ карда буданд. Ба мо ваъда дода буданд, ки баъди шаш моҳ шароити кориро беҳтар ва маошро баланд мекунанд. Мо ҳоло талаб дорем, ки маошамон 50 дарсад зиёд шавад. Шароити кори мо дар ҳолати ногувор қарор дорад”, - гуфтааст яке ангиштканҳо ба нашрия.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати вилояти Қарағанда гуфтанд, намояндагони ширкате, ки кон дар ихтиёраш аст, бо ангиштканҳо ба созиш расида, ҳамаи мушкил то 3 август ҳал хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, корпартоӣ қатъ ва ангиштканон ба маҳалли корашон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG