Ссылки доступа

Тоқаев: неругоҳи "Қамбарота-1"-и Қирғизистон амнияти энергетикии Осиёи Марказиро тақвият мебахшад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 21 июл дар ҷаласаи IV машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) дар шаҳри Чолпон-Атаи вилояти Иссиқкӯл гуфт, нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-и Қирғизистон амнияти энергетикии кишварҳои ОМ-ро тақвият хоҳад дод.

Вай ҳамчунин қайд карда, ки "Қазоқистон ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ барои истифодаи дуҷонибаи захираҳои оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ аҳамияти хоса медиҳад". Дар ин замина лоиҳаи сохтмони неругоҳи "Қамбарота-1" дар Қирғизистон фаъолона баррасӣ мешавад. Дирӯз мо, се раисиҷумҳури Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон ин масъаларо баррасӣ кардем ва фикр мекунам, ки тавофуқҳои пешакӣ, мушаххас ва хеле муфид ҳосил шуд”, - изҳор доштааст президенти Қазоқистон.

Дар бораи тавофуқҳои як рӯз пеши раҳбарони Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон маълумоти муфассал ва шарҳи бештаре нест. Аммо раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суханронии худ аз иштироки сармоягузории Қазоқистон ва Узбекистон дар ин тарҳ истиқбол кард.

Моҳи марти соли 2021 Қирғизистону Узбекистон гуфта буданд, ки неругоҳи "Қамбарота-1"-ро дар якҷоягӣ месозанд. Моҳи майи соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ гуфт, мехоҳад, неругоҳи Қамбарота-1 дар якҷоягӣ сохта шавад.

Соли 2021 Қирғизистону Русия барои сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 созишнома баста буданд. Аммо созишнома соли 2016 якҷониба, аз тарафи Қирғизистон, бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG