Ссылки доступа

Мирзиёев пешниҳод кард, низоми минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ ташкил шавад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21 июл дар ҷаласаи IV машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон пешниҳод кард, ки низоми минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода шавад.

Вай дар суханронии худ қайд карда, ки бо шарофати формати нави ҳамкориҳо дар 5 соли охир имкон фароҳам шудааст, то ки ҳаҷми гардиши дохилиминтақавии мол ду баробар зиёд карда шавад.

"Ба мо шаклҳои нави ҳавасмандгардонии савдои дуҷониба лозим аст. Мо пешниҳод менамоем, ки низоми минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ бо қоидаҳои ягона ва расмиёти соддаи интиқоли мол ташкил карда шавад. Лоиҳаҳои муштараки саноатӣ бояд пеш раванд. Роҳандозии муносибатҳои ягона барои ташаккули фазои маҳаллисозии саноатӣ ва ивазкунандаи воридоти Осиёи Марказӣ муҳим аст, - афзудааст Мирзиёев.

Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамасола анҷумани манотиқи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор ва талош карда шавад, ки барои ҷалби сармоягузорӣ дар саросари минтақа фазои ягонаи мусоиди тиҷоратӣ фароҳам гардад.

XS
SM
MD
LG