Ссылки доступа

Шаҳрванди Қазоқистон баъди эътирозу қасди худкушӣ 5 рӯз ҳабс шуд


Як сокини шаҳри Нурсултони Қазоқистон 20 июл дар назди бинои Додгоҳи олии ин кишвар ба сараш бензин рехта, қасди худкушӣ кардааст.

Дар натиҷа додгоҳи Нурсултон ин мардро дар "Майдаавбошӣ" гунаҳкор эълом ва 5 рӯз ҳабс кардааст.

Дертар маълум шуд, марди боздоштшуда бародари ҷабрдидае мебошад, ки додгоҳи Туркистони Қазоқистон имрӯз парвандаи онро баррасӣ мекунад. Аммо дар бораи ин парванда чизе гуфта нашудааст.

Шаҳрвандони Қазоқистон аксаран дар назди Додгоҳи олӣ тазоҳурот баргузор карда, мунсифона баррасӣ шудани парвандаҳои наздиконашонро талаб мекунанд. Сокиноне, ки бо қарорҳои додгоҳ нисбат ба наздиконашон розӣ нестанд, моҳи апрели соли 2022 дар назди бинои Додгоҳи олии Қазоқистон чанд рӯз хобида ва пулис онҳоро боздошт карда буд.

XS
SM
MD
LG