Ссылки доступа

Раҳмон дар Қирғизистон аз "ҳодисаҳои охир" ва "нерӯҳо" гуфт, аммо тафсилот надод


Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "ҳодисаҳои охир дар кишварҳои мо баёнгари онанд, ки нерӯҳои гуногун то ҳол нақшаи ноором кардани минтақаи [Осиёи Марказӣ]-ро доранд."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон гап зада, вале ҳодисаи мушаххасеро ба забон наовардааст.

Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои олуда ба хун буд. Мақомот онро кӯшиши сарнагунии ҳокимият номида, барои пахши он аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хостанд.

Тоҷикистон моҳи майи имсол дар Бадахшон амалиёти вижа баргузор кард ва бар асари он даҳҳо нафар кушта, захмӣ ва боздошт шуданд. Сокинон мегӯянд, барои дифоъ аз ҳаққи худ ба кӯчаҳо баромаданд, аммо мақомот онҳоро барои "дарёфти пул ва дастур аз хориҷа" муттаҳам карданд.

Дар оғози моҳи июл дар ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон эътирозҳои густурда сар заданд, ки марудм онро нигаронӣ аз барҳам задани мустақилии онҳо, вале мақомот кӯшиши ғасби ҳокимият номиданд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар ҳар се ҳодиса мақомотро барои саркӯби фаъолону дигарандешон танқид карда, аз онҳо хостаанд, аз истифодаи зиёди нерӯҳо худдорӣ варзанд.

"Кишварҳои минтақаро зарур аст, ки ҳамеша вазъро назорат кунанд ва пешопеш амал кунанд," – гуфтааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Чолпон-Отаи Қирғизистон.

Ба қавли ӯ, ҳодисаҳое, ки дар борааш ҳарф мезананд, "нишон дод, нерӯҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандони минтақаро ба амалҳои мухталиф ҷалб кунанд."

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, "чолиши ҷиддитарин таблиғи идеологияи ниҳоят вайронгари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ аст" ва ӯ тамоюли таҳкими мавқеи салафия ва ваҳҳобияро хатарноктарин номидааст.

"Рӯйдодҳои охир нишон доданд, ки ифротгароёни динӣ метавонанд, ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд," -- хулоса кардааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG