Ссылки доступа

Рӯзноманигорон видеои ҷалби қирғизистониҳо ба ҷанги Украинаро нашр карданд


Расонаи "МедиаХаб" дар шабакаи Ютуб видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад чи гуна як ширкати хусусии низомии Русия қирғизҳоро ба ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Ба иттилои расона, ахиран дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" эълон дар бораи ҷалби шаҳрвандони Қирғизистон ба ширкати хусусии амниятӣ (ширкати хусусии муҳофизатӣ) дар минтақаҳои Русия нашр шуд.

“Рақаме, ки дар эълон қайд шудааст, танҳо як тег - "PMC Wagner" дорад. Дар рафти мукотиба маълумот дода шуд, ки ин созмон ба манфиати вазорати дифои Русия фаъолият мекунад. Ба довталабон пешниҳод карда мешавад, ки нахуст ба хоҷагии Молкино дар Краснодар ва сипас аз онҷо барои иштирок дар ҷанги Украина мераванд", - мегӯянд рӯзноманигорони "МедиаХаб".

"МедиаХаб" афзудааст, ки дар наздикии Молкино пойгоҳи низомии Русия ва як иншооти марбут ба ширкати "Вагнер" ҷойгир аст.

Ин гуна эълом дар шабакаҳои иҷтимоии узбекӣ низ нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG