Ссылки доступа

Вазорат дароз шудани соли таҳсил дар Қазоқистонро шарҳ дод


Вазорати маорифи Қазоқистон шарҳ дод, ки чаро соли таҳсил дар ин кишвар дароз карда мешавад.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, коршиносон борҳо аз ин ниҳод дархост кардаанд, ки соли таҳсил то 20-25 июн дароз ва аз 20 август оғоз карда шавад. Зеро Қазоқистон яке аз тӯлонитарин таътил дар ҷаҳон (130)-ро дорад. Дар ҳоле ки дар бисёре аз кишварҳо ҳамагӣ аз 80 то 100 рӯз таътил аст.

Дар пайи ин дар масъулони Вазорати маорифи Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки соли таҳсилро дар ин кишвар ду ҳафта дароз кунад. Дар лоиҳаи як фармони вазири маорифи Қазоқистон омадааст, ки соли таҳсил барои хонандагони синфҳои якум минбаъд 35 ҳафта хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир он 33 ҳафта аст.

Ҳамчунин пешниҳод карда шудааст, соли таҳсили хонандагони аз синфи 2 то 11, ки дар ҳоли ҳозир 34 ҳафта аст, ба 36 ҳафта дароз карда шавад.

"Афзоиши соли хониш бо роҳи илова кардани ду ҳафтаи таълимии иловагӣ имкон медиҳад, ки шумораи дарсҳо дар як рӯз кам ва шиддати омӯзиши мавзуъҳои мураккаб коҳиш дода шавад", - гуфта шудааст дар лоиҳа.

XS
SM
MD
LG