Ссылки доступа

Раҳмон рафтори Толибонро дар Афғонистон танқид кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, Толибон ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро дар Афғонистон поймол мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон онҳоро ба “сиёсати таҷовузкорона” муттаҳам кард.

“Толибон сиёсати табъизкоронаро алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ пеш мебаранд", - афзуд Раҳмон.

Толибон тақрибан як сол боз ҳокими Афғонистонанд, вале то кунун ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Тоҷикистон тарафдори ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он кишвар аст.

Президенти Тоҷикистон, инчунин, изҳороти охири раҳбари “Толибон”-ро дар бораи бекор кардани қонунҳо ва ҷорӣ намудани шариати ислом дар ҳама бахшҳои Афғонистон ёдовар шудааст.

Вай гуфта, ки “мушкили Афғонистон бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа бошад”. “Ҳодисаҳои ин кишвар на танҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба кишварҳои АвруОсиё бетаъсир намемонад,” – афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Тақрибан ҳама кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи одамонро дар Афғонистон аз шартҳои эътирофи Толибон медонанд, аммо ҳамзамон равобити тиҷоратиро бо Кобул идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG