Ссылки доступа

Дар пойтахти Қазоқистон маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус сахттар шуданд


Мақомоти Қазоқистон аз 23 июл маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро дар шаҳри Нурсултон, пойтахти ин кишвар ба далели афзоиши якбораи шумори мубталоён дубора сахттар карданд.

Дар қарори сардухтури беҳдоштии пойтахти Қазоқистон гуфта шудааст, ки ҳангоми рафтан ба марказҳои савдо, кинотеатрҳо, марказҳои хидматрасонӣ, истгоҳҳо, бозорҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоб ба сокинон, ба ҷуз аз кудакони то 5-сола тавсия дода мешавад.

Ҳамчунин тавсия шудааст, занони ҳомила ва онҳоеро, ки ба далели саломатӣ зидди коронавирус эм шуда наметавонанд, ба кори фосилавӣ ва ҷаласаҳо бо иштироки беш аз 10 кас онлайнӣ гузаронида шавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қазоқистон дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 2480 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси нав қайд шудааст. Танҳо дар шаҳри Нурсултон 796 ошкор гаштааст.

XS
SM
MD
LG