Ссылки доступа

200 миллион сомонӣ "камбуди молӣ" дар "Амонатбонк" аз куҷост?


Сироҷиддин Икромӣ

Намояндагони Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" беш аз 200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” ёфтаанд, аммо аз он нигаронанд, ки “масъала пурра ҳал нашудааст”. Раҳбарияти “Амонатбонк” гуфтанд, мушкил бо гуноҳи муштариёне сар зад, ки қарз гирифта, сари вақт барнагардонданд. Коршиносон аз эҳтимоли “шиносбозӣ” гуфтанд.

Дар Палатаи ҳисоб иддао доранд, ки камбудҳои молиро дар бонки давлатӣ ҳангоми санҷиш ошкор карданд. Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк", рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, санадҳоро дар бораи “қарзҳои мушкилситон” худашон ба Палатаи ҳисоб пешниҳод карданд.

“Мегӯянд, носанҷида қарз додед. Мо мегӯем, ҳар як буҳрони молиявию иқтисодӣ аввал ба бонкҳо таъсир мерасонад. Вақте мизоҷи бонк ба мушкил дучор шуд, пулро барнамегардонад,” – афзуд ӯ.

Пеш аз ин, 14-уми июл, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода гуфт, ниҳоди зери раҳбарияш нисбати чанде аз муштариёни “Амонатбонк” ба Додситонии кул санад фиристод, то қарзҳоро баргардонанд.

“Санҷиш гузаронидем ва ба Прокуратураи генералӣ 18 парванда фиристодем. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Прокуратура 50 дарсади маблағ барқарор шуд. Аксарияти ин пулҳо фоиз (баҳра)-и ҷаримаҳост,” – шарҳ дод ӯ.

Дар "Амонатбонк" ва Палатаи ҳисоб тасдиқ карданд, ки барои чунин камбудҳо дар баробари муштариён, “нисбати кормандони бонк низ чораҷӯйӣ шуд”, вале тафсилот надоданд.

Назари муштариёни, ба қавли масъулон, саркаш аз пардохти пули бонк то ҳол маълум нест.

Баҳси Палата ва "Амонатбонк" бар сари 200 млн. сомонӣ
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ, рӯзи 22-юми июл гуфт, масъулони бонк ҳангоми пешниҳоди қарз на ҳамеша талаботро иҷро мекунанд ва чунин рафтор дар ниҳоят бар зарар анҷом мешавад.

"Яъне, шиносбозӣ аст. Ба рафиқ ё хешу табору дигар шахсони вобаста қарз медиҳанд ва он талаботе, ки барои як қарзгир пешбинӣ шудааст, ба назар намегиранд. Дар масъалаи гарав ё кафолат арзиши амвол дуруст санҷида намешавад. Ин ҷо дар навбати аввал айби кормандони бонк аст," – гуфт Чоршанбиев.

Намояндагони Палатаи ҳисоб соли гузашта ҳам гуфта буданд, ки дар "Амонатбонк" беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Палатаи ҳисоб, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст. Он замон низ раиси "Амонатбонк" гуфта буд, камбуди маблағҳо дар ин бонкро аудити дохилӣ маълум кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб.

Зарарҳои молии ошкоршуда дар "Амонатбонк" асосан ба солҳои 2018-2019 рост меояд ва то ҳанӯз масъалаи барқароркунии онҳо ниҳоӣ нашудааст.

Пештар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт карда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

"Амонатбонк" масъули пардохти маоши кормандони идораҳои давлатӣ, нафақаи бознишастагон ва дигар ёриҳои иҷтимоӣ аст.

XS
SM
MD
LG