Ссылки доступа

Фирдавс аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион расонд


Махфират Шокирова, зане, ки навзодаш аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион расонд.

Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки соати 12:00-и рӯзи 23-уми июл дар Душанбе тифле таваллуд шуд, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион баробар кард. Ӯро Фирдавс ном гузоштаанд.

Ин тифл дар таваллудхонаи рақами 2-и пойтахт ба дунё омадааст. Падараш муҳоҷири меҳнатӣ будааст. Волидайни навзод, Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳастанд.

Ба гуфтаи пизишкон, "вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад." Вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.

Ба ин хонавода ҳукумат дар пойтахт манзили сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисоби тифле, ки аҳолиро ба 10 миллион расонд, одилона намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, навзодоне, ки аҳолиро ба 7, 8, 9 ва 10 миллион расонданд, ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд, ки шубҳабарангез ба назар мерасад. Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва Бунгоҳи омори Тоҷикистон, ки ин хабарро паҳн карданд, нагуфтаанд, ки бар пояи чӣ меъёру ҳисоб маҳз ин навзод кӯдаки даҳмиллионумин шумурда шудааст. Корбарон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дар соати 12-и рӯзи 23-уми июл дар шаҳру деҳи Тоҷикистон чандин тифл ба дунё омадааст ва мақомт бар пояи чӣ маҳз ин хонаводаро интихоб карданд.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле ба 10 миллион расид, ки ҳукумат аз соли 2000-ум ба ин тараф сиёсати “танзими оила”-ро пеш гирифтааст. Тибқи ин барнома доштани то чаҳор фарзанд дар миёни оилаҳои тоҷик тарғиб мешавад. Ҳарчанд барнома тавсиявӣ аст ва дар назди оилаҳо ҳеч маҳдудият намегузорад, мизони таваллуд ба фарқ аз солҳои пешин дар Тоҷикистон кам шудааст.

Бори охир, соли 2020, дар Тоҷикистон нуфусшуморӣ шуд, ки тибқи натиҷаҳои он аҳолии кишвар аз 9 миллиону 661 ҳазор нафар иборат буд. Беш аз 4 миллиону 900 ҳазор мард ва 4 миллиону 760 ҳазор зан.

Тибқи иттилои расмӣ, 50,7 дарсади аҳолии Тоҷикистонро мардон ва 49,3 дарсадро занон ташкил медиҳад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион кас хоҳад расид. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG