Ссылки доступа

Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ: ширкати Air Astana барои таъхири парвоз ҷарима шуд


Ширкати ҳавопаймоии Air Astana дар Қазоқистон ба далели таъхир дар парвози самти Алмато-Малӣ бештар аз 6,2 ҳазор доллар ҷарима шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон хабар доданд.

Мусофирони хати сайри Алмато-Малдив парвози ҳавопайморо бештар аз 15 соат мунтазир шуданд. Рӯзи 21 июл нисбати ширкати ҳавопаймоии Air Astana парвандаи маъмурӣ тартиб дода ва ширкат дар ҳаҷми бештар аз 6,2 ҳазор доллар ҷарима шуд.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ гуфтанд, ки ҳавопаймои мазкур рӯзи 16 июл парвоз кард, аммо баъди ду соати парвоз ба далели мушкилоти фаннӣ ба фурудгоҳи шаҳри Алмато баргашт. Мусофирон бо таъхири 18-соата ба Малӣ фиристода шуданд.

Ин бори аввал нест, ки ширкати Air Astana дар парвозҳояш таъхир мекунад. Моҳи гузашта мусофирони хати сайри Алмато-Анталя як шабонарӯз дар фурудгоҳ монда буданд.

XS
SM
MD
LG