Ссылки доступа

Президенти Украина бобати эътироф накардани Луганску Донетск аз президенти Қазоқистон сипосгузорӣ кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтаи украинаш Владимир Зеленский тариқи телефон гуфтугӯ кард.

Тоқаев аз "созиш дар Туркия, бо миёнаравии СММ, дар мавриди содироти гандуми Украина изҳори қаноатмандӣ кардааст".

Созишнома дар мавриди содирони гандуми Украина тариқи баҳри Сиёҳ дар шароити идомаёбии ҷанги Русия алайҳи Украина рӯзи 22 июл дар шаҳри Истамбул баста шуд.

Зеленский дар саҳифаи твиттер навишт, ки вай ба Тоқаев барои пуштибонии усулӣ аз тамомияти арзии Украина ва эътироф накардани Ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск изҳори сипос баён кардааст.

Мақомоти Қазоқистон борҳо гуфтанд, ҳудудҳои ҷудоиталаби шарқи Украинаро, ки бо кӯмаки Русия даъвои истиқлол доранд, эътироф нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG