Ссылки доступа

Марзбонони Қирғизистон аз интиқоли ғайриқонунии бештар аз сад сар чорво пешгирӣ карданд


Дар ин бора аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ доданд.

Рӯзи 24 июл дар минтақаи Монол Оқсойи ноҳияи Ҷалолобод марзбонон се шаҳрвандеро боздошт карданд, ки талош доштанд, 36 сар чорворо ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Узбекистон интиқол диҳанд.

Дертар дар минтақаи Тегерек-Сази ноҳияи Таласс марзбонон аз интиқоли ғайриқонунии 80 сар чорво аз Қазоқистон ба Қирғизистон пешгирӣ карданд.

Марзбонон гуфтанд, чорво ва шаҳрвандони боздоштшуда ба ихтиёри мақомоти дахлдор супорида шудаанд.

Охири соли гузашта мақомоти Қирғизистон бо ҳадафи таъмини амнияти озуқаворӣ дар дохили он кишвар содироти чорворо аз Қирғизистон манъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG