Вай илова кард, ки норасоии мактабҳо ҳамоно мушоҳида мешавад, зеро теъдоди хонандагон меафзояд. Соли хониши гузашта якбора 50 ҳазор хонанда афзудааст. Соли гузашта дар мактабҳои Қирғизистон 1 млн 357 ҳазору 408 кӯдак таҳсил кардааст, ки соли ҷорӣ теъдодадош ба 1 млн 407 ҳазору 347 расидааст.
"Дар Қирғизистон 245 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва 498 мактаб ба таъмири куллӣ ниёз дорад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи вай, теъдоди муассисаҳои томактабӣ низ дар Қирғизистон афзудааст. Дар як соли охир 64 боғчаи нав таъсис шуда, 4 ҳазор кӯдакро фаро гирифтааст.