Ссылки доступа

Қазоқистон 80 дарсади талабот ба шакарро то соли 2025 дар дохил истеҳсол мекунад


Ценник на сахар в одном из супермаркетов города Кызылорда

Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев рӯзи 26 июл гуфт, то соли 2025 80 дарсади талаботи шакарро бо истеҳсоли дохилӣ таъмин хоҳанд кард. Қазоқистон айни замон 49 дарсади бозори дохилиро бо шакари худӣ таъмин мекунад.

"То соли 2025 вобастагӣ аз воридоти шакарро ду баробар кам мекунем", - гуфт Карашукеев.

Русия дар моҳи март содироти шакарро манъ кард ва дар Қазоқистон камчинии шакар пеш омад. Вазири кишоварзии Қазоқистон гуфт, "пешбинӣ намекарданд, ки Русия рӯзе содироти шакарро манъ мекунад".

"Соли гузашта 70 дарсади шакарро аз Русия ворид карда будем", - афзуд вазир.

Ҳоло дар Қазоқистон, ба иттилои расмӣ, чаҳор корхона - Оқсуй, Коксуй, Меркен ва Тароз шакар истеҳсол мекунанд.

Ба иттилои вазорати кишоварзӣ, моҳи август дар Қазоқистон 118 ҳазор тона шакар истеҳсол хоҳад шуд. Ин миқдор шакар барои истеъмоли аҳолӣ кофист, гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.

Дар Қазоқистон ҳамчунин бовар доранд, ки "Русия моҳи сентябр содироти шакарро дубора ба роҳ мемонад".

XS
SM
MD
LG