Ссылки доступа

Боздошти аъзои гуруҳи ҷиноӣ дар Бишкеку Алмато, ки ба фурӯши телефонҳои дуздӣ машғул буданд


Кормандони мақомоти қудратии Қирғизистон гуруҳи муташаккили ҷиноиеро ошкор карданд, ки телефон, планшет ва ноутбукҳои дуздиро мефурӯхт.

Дар доираи парвандаҳои ҷиноии "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ", "Ташкили гуруҳи муташаккил ва ё иштирок дар он" ва "Дуздӣ" 11 кас боздошт шудааст. Ин гуруҳ хотираи дастгоҳҳои ғоратшударо пок карда, дубора ба фурӯш мегузоштааст.

Дар ҷараёни бозҷӯӣ аз манзилҳои зисти боздоштшудаҳо бештар аз 1700 телефони мобилӣ, 7 ноутбук ва 5 планшет ёфт шудааст.

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон ду тани дигар аз аъзои гуруҳи ҷиноиро дар Қазоқистон боздошт кардаанд. Дертар 46 телефони мобилии ғоратшуда аз Қазоқистон ба Бишкек бозпас гардонида шудааст.

Қисми аз ин дастгоҳҳоро ба соҳибонашон баргардонидаанд.

XS
SM
MD
LG