Ссылки доступа

Маҳбуси 80-солаи тоҷикро ба "ШИЗО" интиқол доданд


Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола ҳафт сол боз дар зиндон аст.
Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола ҳафт сол боз дар зиндон аст.

Зубайдуллоҳи Розиқ, узви 80 солаи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломиро, ки соли 2015 боздошт ва 25 сол ҳукми зиндон гирифта буд, барои “вайрон намудани тартибу низоми маҳбас” ба шуъбаи ҷаримавӣ (ШИЗО) интиқол додаанд.

Ӯ дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Як масъули зиндон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “Зубайдуллоҳи Розиқ чор рӯз пеш барои вайрон намудани низоми утоқе, ки ба сар мебарад, ба ШИЗО интиқол дода шуд ва 15 рӯз дар онҷо хоҳад монд.”

Ин мақомдор мушаххасан шарҳ надод, ки маҳбуси 80-сола дар кадом ҳолат аз низоми зиндон пой берун гузоштааст. Наздикони ӯ аз ин ҳодиса хабар доранд, вале онҳо низ сабаби ба ШИЗО интиқол додани Зубайдуллоҳи Розиқро намедонанд.

“ШИЗО”, дар маҳбас ҷоест, ки ба фарқ аз зиндон шароити сахттар дорад ва маҳбусро онҷо танҳо нигаҳдорӣ мекунанд.

Ҳисомиддини Зубайдулло, писари Зубайдуллои Розиқ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш солхӯрда аст ва дар шуъбаи ҷаримавӣ азият мекашад. "Мо намедонем, дар маҳбас чӣ ҳодиса шудааст ва чаро ӯро ба шуъбаи ҷаримавӣ бурдаанд. Ба наздиконам масъулони маҳбас посух намедиҳанд.",--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти маҳбас баъди ин ки чаҳорнафар аз аъзои маҳкумшудаи ҳизб, аз ҷумла падараш, ба президент нома навишта, хоҳиши баррасии дубораи парвандаҳояшонро карданд, нисбаташон беэҳтиромӣ мекунанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ дар маҳбас ҷазо гирифтааст
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:03 0:00

Нусхаи ин нома 16-уми сентябри соли гузашта дастраси расонаҳо шуда буд. Аз рӯйи муҳтавояш онро пеш аз ҷашни сисолагии истиқлол навишта будаанд. Тоҷикистон дар остонаи ин ҷашн қонуни афвро қабул карда буд, аммо нисбат ба онҳое, ки бо гуноҳи "терроризм" ва "ғасби ҳукумат" зиндонӣ шудаанд, ин қонун татбиқ нашуд.

Зубайдуллоҳи Розиқ бо даҳҳо тан аз ҳамроҳонаш бо ҷурми даст доштан дар “ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим” гунаҳкор эълон шуданд. Худи онҳо иттиҳомро қабул надоранд. Дар номае, ки ӯ ҳамроҳ бо се ҳамроҳаш дар соли гузашта навишта буданд, гуфтаанд, "инки моро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо худатон беҳтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд... Дар 6 сол бо умеди расидани рӯзе, ки ақли солим боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои пешомадаро таҳаммул кардем ва мекунем. Вале афсӯс, ки умеди мо амалӣ нашуд."

Зубайдуллоҳи Розиқ ва ҳамроҳонашро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ “зиндониёни сиёсӣ” меноманд.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, "дар қонунгузории кишвар мафҳуми "маҳбуси сиёсӣ" нест ва бинобар ин ҳамагуна даъво дар бораи вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ бепоя аст."

Наздикони онҳое, ки барои узвият дар ҲНИТ зиндонӣ шудаанд, пайваста аз шиканҷа шудани онҳо дар зиндон шикоят мекунанд. Мақомот ин иддаоро тасдиқ намекунад.

XS
SM
MD
LG