Ссылки доступа

Эрон ба Русия қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо медиҳад


Эрон ба Русия барои ҳавопаймо ва дигар дастгоҳҳо қисмҳои эҳтиётие медиҳад, ки дар Эрон истеҳсол шудаанд.

Ҳамчунин ду кишвар ба созиш расиданд, ки ҳавопаймоҳои Русия дар Эрон таъмир шаванд.

Дар ин бора расонаҳои Эрон хабар медиҳанд.

Рӯзи 26 июл Эрону Русия ба созиш расидаанд, ки миёни ду кишвар дар ҳафта то 35 парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар ҳафта ба роҳ монда шавад.

Рӯзи 19 июл президенти Русия Владимир Путин ба Эрон рафт.

Дар дастгоҳи президенти ИМА ибтидои моҳи ҷорӣ гуфтанд, ки Эрон ба Русия садҳо бесарнишин мефурӯшад. Теҳрон ин хабарро рад кард.

Баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, ИМА ва Канада фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия бастанд.

Таҳримҳои ғарб нисбати Москва, ки ба далели ҳамла ба Украина ҷорӣ шуд, фурӯши ҳавопаймоҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар дастгоҳҳоро ба Русия манъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG