Ссылки доступа

Номаи беш аз 100 хонаводаи низомиҳои дар Украина бенишоншудаи рус ба Путин


Бештар аз сад хонаводаи низомиҳои Русия, ки дар ҷанг дар Украина бенишон шудаанд, ба президенти Русия Владимир Путин нома навишта, талаби пайдо кардани гумшудаҳояшонро кардаанд.

Ин хонаводаҳо гуфтаанд, аз вазоратҳо ва дигар ниҳодҳои Русия ба онҳо иттилои зидду нақиз медиҳанд: дар бархе аз ниҳодҳо мегӯянд, наздикони онҳо зиндаанд, дар бархе дигар аз ниҳодҳо хабар медиҳанд, ки бенишон ва ё кушта шудаанд.

"Хешовандон маҷбуранд, худашон дар ҷустуҷӯи наздиконашон шаванд. Мақомоти масъул корашонро дуруст анҷом намедиҳанд, аз фармондеҳони қисмҳои низомӣ кӯмаке намерасад", - омадааст дар номаи наздикони низомиҳо ба Путин.

Зеро нома 106 имзо гузошта шудааст.

Русия 24 феврали соли ҷорӣ ба ҳудуди Украина ҳамла кард. Вазорати мудофиаи Русия ҳамагӣ ду маротиба дар ин муддат аз талаботи низомиҳояш хабар додааст: бино ба иттилои расмӣ дар охири моҳи март дар Украина 1351 низомии Русия кушта шуда буд.

Ҷониби Украина мегӯяд, аз ибтидои ҷанг то ин замон бештар аз 40 ҳазор низомиҳои Русияро куштааст. Ба иттилои мақомоти иктишофии ИМА, дар Украина 15 ҳазор низомии Русия фавтидааст.

XS
SM
MD
LG