Ссылки доступа

Шарофат гуфт, ӯро барои сабти ҳақорати пулис заданд. Раис рад кард


Дар Восеъ иддаои шиканҷаи занро дар ШКД месанҷанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:00 0:00

Мақомоти ноҳияи Восеъ иддаои шиканҷаи зан дар идораи умури дохилиро таҳқиқ мекунанд

Як сокини Восеъ иддао дорад, ки ӯро барои бо телефон ворид шудан ба бинои ШВКД-и ин ноҳия ва сабти ҳақорати маъмурони пулис шиканҷа кардаанд.

Шарофат Салимова, сокини деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ мегӯяд, ӯро се рӯз дар шуъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ дошта, баъди дахолати додситон, рӯзи 15-уми июл, раҳо кардаанд.

Мақомот тасдиқ карданд, ки дар пайи шикояти як ҳамдеҳа Шарофатро ба бозпурсӣ даъват карда буданд, вале мегӯянд, иддаои шиканҷа шудани ӯ асос надорад.

Шарофат гуфт, воқеан дар моҳи майи имсол бо як ҳамдеҳааш баҳс дошт, вале ӯ ҷабрдида буд, чун ҳамдеҳааш ӯро лату куб кардааст. Иддаое, ки тарафи дигар онро қабул надорад.

Шарофат мегӯяд, дар ибтидо пойи бародарашро ба ҳодиса кашиданд ва ӯро ба ҳайси шоҳид пурсуҷӯ карданд, вале пас аз ду моҳ дубора ӯро даъват намуда, нисбаташ бадрафториро раво диданд. Ба иддаои Шарофат, маъмурони пулис аз ӯ тақозо доштанд, ки худро дар муноқиша бо ҳамдеҳагон гунаҳкор эътироф кунад.

Ӯ гуфт, кормандони ШВКД-и ноҳияи Восеъ замоне ӯро лату куб карданд, ки ӯ бо телефони мобилиаш пинҳонӣ ҳақорат ва тақозои онҳоро барои эътирофи “гуноҳ” сабт мекард. “Мехостам бадрафториашонро сабт кунам ва фардо агар даъво кардам, исбот карда тавонам. Пештар ҳам бо ман чунин карда буданд, инбор ният доштам, ки сабташон кунам.”,--гуфт ӯ.

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ гуфт, барои баррасии шикояти ин зан комиссия таъсис додаанд. Ӯ гуфт, бо ин зан суҳбат кардааст ва дар ШВКД гуфтаанд, ки “касе ӯро шиканҷа накардааст.”

Ин зан мегӯяд, аз рафтори кормандони пулис ба мақомоти болоӣ шикоят кардааст.

Дар Тоҷикистон аз шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурии муттаҳамон шикоят зиёд ба гуш мерасад.

Аз даҳҳо ҳолат соле то ду ё се мавридро мақомот ҳамчун шиканҷа сабт мекунанд. Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карданд. Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.

XS
SM
MD
LG