Ссылки доступа

Иҷозатномаи таъсиси қиморхона дар Қирғизистон метавонад, то $1 млн арзиш дошта бошад


Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон арзиши иҷозатномаи таъсиси қиморхонаҳоро муайян кард.

Тарҳи қарор "Дар бораи муайянсозии пардохт барои дарёфти иҷозатномаи қиморхонаҳо" дар сомонаи девони вазирони Қирғизистон барои баррасии умумӣ нашр шуд.

Барои қиморхона, қиморхонаҳои онлайнӣ ва қиморхонаҳои электронӣ (маҷозӣ) дар шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳурӣ (Бишкек ва Ӯш) қимати иҷозатнома 84 млн сом (бештар аз 1 млн доллар) муайян шудааст. Барои ҳамин навъи қиморхонаҳо дар вилоятҳои Ӯш, Чуй ва Ҷалолобод 42 млн сом (бештар аз 500 ҳазор доллар) таъйин шудааст. Дар вилоятҳои Бодканд, Норин, Иссиқкӯл ва Таллас иҷозатномаи таъсиси қиморхона 25 млн 200 ҳазор сом муқаррар шудааст.

Дар вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон гуфтанд, ин ҳаҷми маблағро гуруҳи корие таъйин кардааст, ки пештар ташкил шуда буд.

Охири ҳафтаи гузашта вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни ҷанҷолиеро қабул карданд, ки ба фаъолияти қиморхонаҳо дар он кишвар иҷозат медиҳад. Бархе аз сокинон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гирдиҳамоӣ ташкил ва аз президент хоста буданд, қонунро имзо нагузорад. Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 1 июл хабар доданд, ки Содир Ҷабборов, президенти он кишвар ба қонун имзо гузоштааст.

Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Қирғизистон иҷозаи вуруд ба қиморхонаҳоро намедиҳад.

XS
SM
MD
LG