Ссылки доступа

Дар як рӯз дар Қирғизистон се заминларза сабт шуд


Рӯзи 27 июл дар Қирғизистон се заминларза сабт шуд. Дар ин бора Институти зилзилашиносии Қирғизистон хабар дод.

Субҳи 27 июл, соати 06:41 дақиқа дар вилояти Ӯши он кишвар бо неруи 2,5 дараҷа заминларза рух дод.

Соати 15:52 дақиқаи 27 июл дар вилояти Ҷалолободи он кишвар заминларзаи 4,5 дараҷаӣ рух дод.

Шом, соати 20:54 дақиқаи 27 июл дар вилояти Норини Қирғизистон заминларзаи 3-дараҷаӣ рух дод.

Дар ин заминларзаҳо тахриби биноҳо ва талаботи ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG