Ссылки доступа

Сергей Лавров: Русияву Узбекистон дар мавриди фаъолияти роҳбарони Афғонистон мавқеи наздик доранд


Дар мавриди эътирофи воқеиятҳои кунунии Афғонистон ва робита бо роҳбарияти кунунии он кишвар, бо назардошти ин воқеиятҳо, Русияву Узбекистон "мавқеи наздик" доранд, гуфт Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия баъди дидор бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев.

Узбекистону Русия тасдиқ карданд, ки тасмим доранд, бо роҳбарияти кунунии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора Сергей Лавров дар мусоҳиба бо расонаҳои Узбекистон хабар дод.

"Тошканд соли аввал нест, ки пойтахти чорабиниҳои махсуси байналхалқӣ мегардад ва мавзуи Афғонистон дар он баҳс мешавад", - афзуд Лавров.

Дар конфронси байналхалқӣ дар Тошканд рӯзи 26 июл намояндаи махсуси Узбекистон дар умумри сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов гуфт, масъалаи эътирофи ҳукумати нави Афғонистон дар дастур кор нест. Аммо вай гуфт, тамоюли мусбатеро мушоҳида мекунад, ки "Толибон" ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар талоши ёфтани роҳи ҳал ҳастанд.

XS
SM
MD
LG