Ссылки доступа

Додгоҳе дар Тоҷикистон ҳамкори Иззат Амонро раҳо кардааст


Муҳаммадхон Эгамов, як ҳамкорӣ Иззат Амон дар Маскав буд.

Муҳаммадхон Эгамов, як ҳамкорӣ Иззат Амон, ки бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” айбдор мешуд, бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Як корманди додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Муҳаммадхон Эгамов ба моддаи 247, қисми 4 баррасӣ гардид ва ӯ пас аз пардохти зарари расонида ва ҷарима раҳо шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи охирин дар аввали моҳи июл сурат гирифт ва пайвандони Эгамов дар он иштирок доштанд. Ӯ дар бораи ҳаҷми маблағе, ки Эгамов супурдааст, маълумот надод.

Банди Кодекси ҷиноятӣ, ки бо он Эгамов айбдор мешуд, ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда (як нишондиҳанда 64 сомонӣ) ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.

Дӯстони Эгамов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи аз боздоштгоҳи Душанбе озод шуданашро намедонанд, вале ӯ беш аз як ҳафта боз дар Маскав қарор дорад ва ба таксиронӣ машғул аст.

Мақомоти Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли гузашта, баъди боздошту ба зиндон маҳкум кардани Иззат Амон аз Маскав дархости истирдоди Муҳамадхон Эгамовро карданд. Пулиси Маскав ӯро дастгир намуда, пас аз чанд муддати нигоҳдорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 4-и ноҳияи Медведково ба Душанбе истирдод карданд.

Баъзе аз кормандони пешини "Маркази тоҷикон" дар Маскав гуфтанд, Муҳаммадхон Эгамов соли гузашта, дар авҷи пандемия, ихтиёрӣ як муддат бо мошинааш ба онҳо ёрӣ расондааст.

Пас аз боздошту ба Тоҷикистон фиристода шудани ӯ то анҷоми қазияи додгоҳӣ ва дубора ба Маскав баргашатанаш хабаре дар бораи ӯ набуд.

Бархе аз ҳуқуқдонҳои созмони пешини “Маркази Тоҷикон” мегӯянд, парвандаи Муҳаммадхон Эгамов монанди парвандаи Иззат Амон буд ва ӯ ҳам имкони бо ҷарима раҳо шуданро дошт, вале мақомот бо ҳар баҳона нагузоштанд, ки 232 сомонӣ ҷаримаро пардохта кунад. Дар ду баҳси ҷудогонаи додгоҳӣ ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон то ҳанӯз ин паҳлӯи қазияи Иззат Амонро шарҳ надодаанд ва тавре ҳуқуқдонҳо мегӯянд, системаи додгоҳии Тоҷикистон ба қазияҳо бархурди дугона дорад.

Ҳамкоронаш мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсӣ буд. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол буд ва ба муҳоҷирон кумак мекард.

Аз замони боздошт ва ҳабси Иззат Амон то ин дам "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии ӯ баста ва чанде аз ҳамкоронаш дар Русия мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG