Қарор қабул шудааст, ки заминҳои барои сохтмони варзишгоҳ пешбинишуда аз навъи замини кишоварзӣ ба заминҳои саноатӣ, нақлиёт ва энержӣ гузаронида шавад.
Пештар аз ин Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфта буд, сохтмони варзишгоҳи нав, ки ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ хоҳад буд, моҳи августи соли ҷорӣ шуруъ мешавад. Бузургтарин варзишгоҳ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон соли 1941 сохта шудааст, ки ғунҷоиши 18 ҳазор одамро дорад.