Ссылки доступа

Даҳҳо меҳмони як тӯй дар Қирғизистон заҳролуд шудаанд


Даҳҳо меҳмони як тӯй дар вилояти Бодканди Қирғизистон баъди хурдани ғизо бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд.

Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ҳодиса 30 июл дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Қадамҷойи Бодканд рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар аввал 48 кас ба беморхона муроҷиат карда, дертар шумори заҳролудшудаҳо ба 58 нафар расидааст.

Дар натиҷа 16 нафар, аз ҷумла ду кудак дар беморхона бистарӣ шудаанд. Вазъи кудакон "вазнини миёна" арзёбӣ мешавад. Тарабхонае, ки дар он тӯй мегузашт, муваққатан баста ва моликаш ҷарима шудааст.

Ин бори аввал нест, ки меҳмонҳои тӯй дар Қирғизистон заҳролуд мешаванд. Моҳи майи соли равон дар вилояти Ҷалолобод ҳам ингуна ҳодиса рух дода буд.

XS
SM
MD
LG