Ссылки доступа

Узбекистон тақрибан 40%-и маҳсулоти ғизоиро аз Қазоқистон мехарад


Кумитаи омори Узбекистон мегӯяд, 37,9 дарсади маҳсулоти ғизоие, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба ин кишвар ворид шудааст, аз Қазоқистон мебошад.

Бино ба маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, Узбекистон тақрибан 35%-и ниёзи дохилии худ ба гандумро аз хориҷ таъмин мекунад.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон чанде пеш эълон кард, ки ба далели пеш омадани мушкили норасоии ғалла дар пайи ҷанги Русия алайҳи Украина содироти гандум ва ордро аз 15 апрели имсол барои се моҳ мутаносибан то 1 миллион тонна ва 300 ҳазор тонна маҳдуд мекунад.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Узбекистон нақшаи харидории 600 000 тонна ғалла аз хориҷ, асосан аз Қазоқистонро барои таъмини амнияти озуқаи дохилии худ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG