Ссылки доступа

Русия барои бунёди роҳи оҳан то Чин $31 млрд ҷудо карданист


Нашрияи "Ведомостӣ" бо истинод ба Вазорати нақлиёти Русия навиштааст, ки Москва эҳтимол аст, то соли 2030 барои сохтмони роҳи оҳан дар Қазоқистон, Муғулистон ва Чин 30,8 миллиард доллар ҷудо кунад.

Ба иттилои нашрия, бо ин маблағ дар Русия 369 километр ва дар Қазоқистон, Муғулистон ва Чин 3 ҳазор километр роҳи оҳан бунёд карда мешавад. Бунёди се гузаргоҳи нави роҳи оҳан дар марзи Русия дар назар аст.

"Ведомостӣ" менависад, ки яке аз калонтарин лоиҳаҳо метавонад долони нақлиётии Русия — Муғулистон — Чин бошад, ки роҳи оҳани Фаросибириро бо Чин мепайвандад.

Лоиҳаи дигар бунёди 226 километр роҳи оҳан аз истгоҳи Зуунбаяни Муғулистон то сарҳади Чинро дар бар мегирад. Русия мехоҳад дар марзи Қазоқистон бо Чин як хати транзитӣ ба масофаи 270 километр бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG